ГУЗАРИШИ ХАТИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Февраль 25, 2009 16:24

              Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 феврал соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард.              Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуманнон Холиқов санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки Аҳднома 7 сол муқаддам, аниқтараш 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он асосҳои ҳуқуқии гузариши хати сарҳади давлатии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор- Тоҷикистону Ӯзбекистонро муайян месозад.             Аҳднома аз 9 модда ва се замима иборат буда, муқадимаи он мақсад ва мароми ба имзо расонидани Аҳдномаро инъикос намудааст.             Тасдиқи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби парлумони Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудии ду кишвари ҳамҷавор нақши муассир мегузорад. Зеро ин санад дар асоси низом ва қонуҳои байналмилалӣ таҳия шуда, манфиатҳои миллию соҳибихтиёрии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро ҳимоя менамояд.

Февраль 25, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад