ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ЭСТОНИЯ

Февраль 14, 2009 11:31

                  Нимаи дуюми рӯзи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.                  Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси  Парлумон Энее Иргма мавриди баррасӣ қарор гирифт.                  Густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироту ороишот, объектҳои гуногуни туристӣ ва ғайра аз самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ барои ду кишвар маънидод гардид.                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвесро даъват намуд, ки Тоҷикистон ташриф биёрад.                 Сарони ду давлат аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳои дуҷониба як Эъломия оид багустариши муносибатҳо миёни Тоҷикистону Латвия ба имзо расонданд.                 Самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни истеҳсолкунандагону тоҷирон дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар низ муҳокима карда шуд.                 Шаби 13 — ум ба 14 — уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафарҳои бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Таллин ба Ватан омад.  

Февраль 14, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид