ХАЙАТИ КОМИССИЯИ ВЕНЕТСИАНИ ДАР ТОИЧКИСТОН
Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин вохӯрии Раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо Томас Маркерт аст, ки 24 феврал дар Душанбе баргузор гардид. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев роҷеъ ба тақвияти ҳамкории Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон бо созмонҳо ва институтҳои байналмилалии интихоботӣ, бахусус бо Комиссияи Аврупоӣ ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани интихоботи шаффофу одилона ва демократӣ, ки таҷрибаи комил дорад, ҳамеша бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории густурдаро пеша менамояд. Мавсуф аз омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки баргузории он соли 2010 дар назар аст, гузориш дод. Муовини Котиби Иҷроияи Комиссияи Венесианӣ Томас Маркерт омодагии Комиссияи Аврупоро дар самти расонидани кӯмак ҷиҳати баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ба Тоҷикистон, ислоҳот ва такмили қонунгузории интихобот зикр карда, гуфт, ки Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои байналмилалӣ доир намудани интихобот дар Тоҷикистон ҳамеша омодааст. Ҷонибҳо ҳамзамон дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.Бояд тазаккур дод, ки сафари ҳайати Комиссияи Венетсианӣ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи ислоҳот ҷиҳати таҳкими волоияти қонун сурат гирифтааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






