ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» ОХИРИ ҲАМИН СОЛ ИСТИФОДА МЕШАВАД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо раиси Шӯрои мудирони ширкати «ТВЕА» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати мазкур хатҳои интиқоли барқи «Хатлон — Лолазор» ва «Ҷануб — Шимол» -ро месозад. Сохтмони хати интиқоли барқи «Хатлон — Лолазор» соли гузашта анҷом ёфта буд. Анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» дар соли 2010 пешбинӣ карда мешавад. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Чжан Син пешниҳод кард, ки сохтмони хати интиқоли барқи мазкур то охири ҳамин сол анҷом дода шавад. Меҳмони чинӣ ваъда дод, ки барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Вай ҳамчунин зикр кард, ки айни ҳол дар масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод -1» ва тармиму таҷдиди корхонаи трансформаторсозӣ гуфтушунид карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






