ХИШТИ НАХУСТИНИ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ ЭРОН ГУЗОШТА ШУД

Февраль 6, 2009 15:26

                 Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ хишти нахустини пойдевори Маркази тиҷорат ва намоишгоҳи Эрон гузошта шуд, ки он метавонад ба рушди иқтисоду тиҷорат байни ду кишвари ҳамзабон нақши муассир гузорад.                  Гузоштани хишти нахустини Маркази мазкурро вазири бозаргонии Эрон саҳифаи наве дар тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Эрон арзёбӣ кард. Сайидмасъуди Миркозимӣ гуфт, ки Маркази тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Эрон аз ҷониби бахши хусусии Эрон сохта мешавад. Барои дар кӯтоҳтарин вақт сохтани он Вазорати бозаргонии Эрон низ як субсидеро кӯмак менамояд. Маркази тиҷорат ва намоишгоҳи Эрон дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе дар масоҳати 0,5 гектар сохта мешавад. Алҳол дар ин самт аз ҷониби мутахассисони эронӣ корҳои лоиҳакашӣ идома дорад.                 Ба андешаи вазири бозаргонии Эрон Маркази мазкур маҳалле мешавад, ки дар он доираҳои тиҷоратӣ ва бозаргонҳои тоҷику эронӣ бо ҳам вохӯрию мулоқот намуда, бо фаъолияти якдигар шинос мешаванд ва тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар соҳахои гуногун ба имзо мерасонанд. Ҳамзамон, имкон доранд, ки дар ин Марказ намунаи молҳояшонро ба намоиш гузоранд ва муаррифӣ созанд, ки ин ба тавсеаи тиҷорати байни ду кишвар мусоидат менамояд.  

Февраль 6, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид