ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА КОМПЮТЕРРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Созмони байналхалқии «Фокус — кӯмаки башардӯстона» дар доираи иҷрои барномаи омода сохтани ҷамоатҳои маҳаллӣ ба фалокатҳои табиӣ дар ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ барои омӯхтани забони англисӣ ва компютер курсҳои махсус ташкил намуд. Дар ин курсҳо асосан мутахассисони муассисаҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, ки дар соҳаи пешгирӣ ва кам кардани оқибати фалокатҳои табиӣ кор мекунанд. Котиби матбуоти созмони мазкур Соро Муродалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки машғулияти курсҳои мазкурро кормандони Мактаби таҳсилоти касбӣ ва муттасили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегузаронанд. Барномаи курсҳои забони англисӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд. Дар курсҳои компютерӣ кормандони Маркази ҳавошиносӣ, расадхонаи шаҳри Хоруғ ва ситоди вазъияти фавқулоддаи ВМКБ таҳсил мекунанд. Баъди хатми курсҳо ба шунавандагон сертификати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дода мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






