ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ БАҲОРӢ ОҒОЗ КАРДАНД
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тибқи маълумоти фаврӣ ва натиҷаҳои санҷишии гурӯҳҳои кории Вазорати кишоварзии ҶТ соли ҷорӣ дар майдони 134 ҳазору 170 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида мешавад. То 10 феврал ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 11 ҳазору 985 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 8,9 фоизи нақша мебошад ва нисбати соли гузашта 6047 гектар зиёд аст. Дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба масоҳати 1050 гектар зироатҳои ғалладона, ки тирамоҳ киштӣ шуда буданд, ғизо дода шуд. Инчунин мувофиқи нақша 657 ҳазору 535 гектар замин шудгор карда шуд, ки 63 %- и нақшаро ташкил медиҳад. Бо истифода аз вазъи мусоиди ҳаво кишоварзони вилояти Хатлон дар масоҳати 11263 гектар, ноҳияҳои Турзунзода 93 гектар, Хисор 155 гектар, Шаҳринав 63 гектар ва Рӯдакӣ дар масоҳати 411 гектар ғалладона кориданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






