ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Февраль 26, 2009 15:53

                   Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли бузургдошти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки ба 1310 — солагии солзоди ӯ рост меояд, конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.                     Президенти кишвар дар маърӯзаи худ паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва шахсияти Имоми Аъзамро шарҳ дода, зикр кард, ки мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон нақши беназир дорад.                      «Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони Карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод»,- идома дод Эмомалӣ Раҳмон.                       Маврид ба зикри хос аст, ки хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Зеро, забон яке аз нишонаҳои асосии ташаккули миллат буда, агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад. Дигар ин, ки, маҳз ба шарофати ин шахсияти бузург заминаи ҳуқуқии рушди забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Чунки тоҷикон ва дигар халқҳои форсигӯй ҳарчанд шариати исломиро ҳамчун оини зиндагии худ қабул карданд, вале махсусияти фарҳангиву мушаххасоти қавмии худро нигоҳ доштанд.                        Президенти кишвар мӯътақид бар он аст, ки ҷиду талошҳои бевоситаи Имоми Аъзам буд, ки забони ноби тоҷикӣ забони расмии дарбори нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷик — Сомониён ва чандин давлатдориҳои баъдина гардида, дар тӯли таърих мавқеи худро устувор нигоҳ дошт.                        Гуфтанист, ки фиқҳи Имом Абӯҳанифа ҳамчунин барои рушди тамаддуни халқи тоҷик, ривоҷи фарҳанг ва илму адабиёти оламшумули он дар асрҳои минбаъда заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва динӣ гардид.

Февраль 26, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!