ИМСОЛ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БЕШТАР АЗ 6 МИЛЛИОН БЕХ НИҲОЛ ШИНОНДА МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — 22 феврал дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишу фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ ташкил карда шуд. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилоят Тӯғай Элҷонов хабар дод, ки дар намоиши ниҳол хоҷагиҳои ниҳолпарварии 15 ноҳияи вилоят ширкат варзиданд. Ба харидорон зиёда аз 100 ҳазор ниҳоли гуногун пешниҳод карда шуд. Т.Элҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имсол дар ҳудуди вилоят бештар аз 6 миллион ниҳол шинонда мешавад. То имрӯз дар ин ҷо қариб 500 ҳазор бех ниҳол шинонда шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






