ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ 50 ФОИЗ КОҲИШ МЕЁБАД

Февраль 7, 2009 12:35

                       Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бонки Ҷаҳонӣ тавассути расонаҳои дохилу хориҷи кишвари Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба се кишвари Осиёи Миёна; Тоҷикистон,Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо сабаби паёмадҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ 50 фоиз кам мешавад.                        Тибқи маълумоти расмӣ ҳар сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бонкҳо беш аз 2 миллиард доллар ворид мешуд. Дар 4 моҳи охир воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар Русия ва Қазоқистон 120 миллион доллар кам шуд, зеро муҳоҷирони тоҷик дар ин ҷо барои худ кор пайдо карда наметавонанд ва ё аз кор барканор карда шудаанд. Панҷоҳ фоиз кам шудани интиқоли асъори хориҷӣ вазорату идораҳои ҷумҳуриро водор месозад, ки дар таъмини аҳолии кишвар бо маводи зарурии ниёзи аввал тадбирҳои судманд андешанд.

Февраль 7, 2009 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!