ИСТЕҲСОЛИ АЛЮМИНИЙ ДАР ШИРКАТИ «ТАЛКО»КАМ ШУД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ширкати «ТАЛКО» бо мақсади сарфаи қувваи барқ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пештараи истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии худ — алюминийро то андозае кам намуд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо соли 2008 — ум 402 ҳазор тонна маҳсулот бароварда шуд. Дар хабари ширкат гуфта мешавад, ки айни ҳол барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ҳамагӣ аз се як ҳиссаи қувваи барқи дар мамлакат истеҳсолшаванда истифода бурда мешавад. 70 фоизи даромади умумии ширкат ба ҳисоби буҷети давлат гузаронида мешавад. Ширкати алюминийи Тоҷикистон айни ҳол аз истифодаи қувваи барқ қарздор нест. Дар ин ҷо соли 2008 барои истифодаи қувваи барқ зиёда аз сад миллион доллари ИМА пардохта шуд. Роҳбарияти ширкат дар шароити имрӯза бо назардошти бӯҳрони энергетикӣ қарор дод, ки ҳаҷми истифодаи кувваи барқро то 14,5 миллион киловатт — соат кам кунад. Бо ҳамин сабаб сад кӯраи электролизӣ аз кор боздошта шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






