ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГӢ

Февраль 4, 2009 11:05

                     Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи нави истифодаи технологияи замонавӣ дар давраи солҳои 2009 — 2011 тартиб дода шуд. Асоси барномаи мазкурро пешниҳодҳо ва тавсияҳои доктори илмҳои омӯзгорӣ, профессор Нуралӣ Шоев ташкил медиҳанд. Барномаи мазкурро вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва маорифи ҷумҳурӣ тасдиқ намуданд. Дар доираи барнома нақшаи тадбирҳо ва вазифаҳои стратегии рушди фаъолияти донишгоҳ тартиб дода шуд. Дар ин бора муовини ректори донишгоҳ дар масъалаҳои таълиму тарбия Маҳмуд Тошматов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ сухан ронд.                    Мувофиқи барнома, дар сохтори идораи донишгоҳ ва ҷараёни таълиму тарбия дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ карда мешаванд. Дар заминаи он дар донишгоҳ раёсату шӯъбаҳои истифодаи технологияи нави таълимӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ, идораи ҷараёни таълим ва беҳтар сохтани сифати таълиму тарбия, ҳифзи иҷтимоӣ, равобити берунӣ, таҳқиқоти илмӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.                     Инчунин, дар асоси барнома, дар донишгоҳ маркази технологӣ таъсис дода хоҳад шуд. Дар он шӯъбаҳои таълимии лабораторӣ ва машғулиятҳои тахассусӣ кушода мешаванд, гуфт дар хотима М.Тошматов.

Февраль 4, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа