ИСТИХРОҶИ ТИЛЛО МЕАФЗОЯД

Февраль 10, 2009 10:03

               Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон соли 2008 нисбат ба соли 2007 — ум 5,83 фоиз афзуда, ба 1 тоннаю 670 килограмм расид. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳаҷми захираи тиллои Тоҷикистон то 1 январи соли 2009 — ум 198,6 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, истихроҷи тилло соли 2008 — ум 92 килограмм зиёд шуд.               Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки айни ҳол технологияи истихроҷи тилло дар конҳо ва корхонаҳои мамлакат такмил дода мешавад. Аз рӯи таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар қаламрави мамлакат қариб 30 кони тилло кашф карда шудааст, ки захираи умумии маҳсулоти он аз 430 тонна зиёд мебошад.Тарҷумон — Қудратов А.   

Февраль 10, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид