ИТТИЛООТ БАРОИ ДЕҲҚОНОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 феврал дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии маводи иттилоотиву омӯзишӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи ислоҳоти замин — «Боигарӣ барои ҳама» омода шудааст. Дар нашри дастурҳои мазкур Созмони ҷамъиятии шафқати «Ҷовид», Созмони ҷамъиятии «Арбитраж» ва Ташкилоти байналмилалии «ACTED» саҳм гирифта, Комиссияи Аврупо маблағашро пардохт кардааст. Аз СҶ «Арбитраж» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қабл аз таҳияи ин дастурамалҳо эҳтиёҷи деҳқонон ба иттилооту омӯзиш ва масъалаи дастрасӣ доштани онҳо ба ин мавод ба эътибор гирифта шуд. Гуфтанист, ки барои гирифтани дастурҳо деҳқононро зарур аст, ки 30 фоизи маблағи чопи онҳоро пардохт намоянд, ки он 2 сомонӣ барои 7 дастуру тавсияро ташкил медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






