КӮМАК БА МАКТАБҲОИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ
Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои наздик ба талабагони 50 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қарзҳои хурд дода хоҳанд шуд. Талабагон ин қарзҳоро барои амалӣ сохтани барномаҳои ҷалби ҳамсолонашон ба ҳалли масалаҳои гуногуни хоҷагидорӣ, таҳсил ва проблемаҳои дигари мактабҳо истифода мебаранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз созмони ғайриҳукуматии «Водии сулҳ» хабар доданд. Қарз ба талабае дода мешавад, ки барои иҷрои барнома ариза дода, дар мавзӯи «Водии Фарғона — маъвои умумии мо» пешниҳодоти ҷолиб ба миён мегузорад. Комиссияи коршиносон аз ҷумлаи намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ барномаҳои беҳтаринро интихоб мекунад. Ҳадафи ин иқдом тарбияи роҳбарони ояндаи мақомоти идораи маҳаллӣ ва дар рӯҳияи эҳтирому ба ҳисоб гирифтани ақидаи ҳамсолонашон тарбия намудани талабагон аз мамлакатҳои ҳамсоя мебошад.Тарҷумон — Қудратов А.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






