КАТАЕВ ВАКИЛИ ПАЛАТАИ ПОЁНИИ ПАРЛУМОН ИНТИХОБ ШУД

Февраль 9, 2009 15:04

                      Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи Ҳизби Халкӣ-Демократии Тоҷикистон Амир Катаев дар интихоботе, ки 8 феврал дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид бо 91 % овозҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоб гардид.                     Тибқи иттилои Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов ба намояндаи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон Додихудо Абдуллоев беш аз 3 ҳазор интихобкунандагон райъ доданд, ки он 6,7 %-ро ташкил медиҳад. Интихобот дар сатҳи баланд, ба таври шаффоф ва демократӣ гузашта, дар он беш аз 55 ҳазор интихобкунандагон иштирок карданд.                    Қаблан аз ҳавзаи мазкур Каримҷон Қодиров дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ мекард, ки 10 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.                   Амир Катаев бошад ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буд.

Февраль 9, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад