КИШТУКОРИ БАҲОРИРО БАРРАСӢ МЕНАМОЯНД

Февраль 10, 2009 11:51

                 Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мутахассисони вазорати кишоварзӣ бо супориши вазир Қосим Қосимов дар давоми 3 рӯз бо рафти корҳои саҳроӣ, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд.                  Маркази матбуот ва иттилооти вазорати мазкур тасмим гирифтааст, ки рӯзи 11-уми феврал аз натиҷаи сафари кории мутахассисон нишасти матбуотӣ доир намуда, ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар доир ба омодагиҳои кишоварзон ба кишти баҳорӣ ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) иттилои бештаре пешниҳод намояд.  

Февраль 10, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид