КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ СЕРТИФИКАТИ ЗАРРИН ГАРДИД
Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни китобхонаҳои илмии мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ ширкат варзида, ғолиб омад ва сазовори сертификати заррин гардид. Озмуни мазкур моҳи декабри соли гузашта гузаронида шуд. Шартҳои он ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти китобхона, аз ҷумла, миқдори китобҳо дар фонди китобхона, шароити нигоҳ доштани китобҳои дарсӣ, тартибу сифат ва миқдори истифодаи онҳо, мавҷудияти китобҳои илмӣ ва теъдоди хонандагонро дар бар мегирифтанд. Директори китобхонаи донишгоҳ Зайниддин Мухторов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба туфайли ғолиб омадани он дар озмун ба фонди китобхона 3 ҳазор нусха китобҳои илмию таълимӣ тӯҳфа карда мешавад. Инчунин, гурӯҳи калони кормандони он барои омӯхтани таҷриба ба Маскав мераванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






