КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 12, 2009 11:18

                   Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷашни миллӣ ва 30 -умин солгарди Инқилоби исломии Эрон конфронси илмӣ баргузор гардид.                   Чорабинии мазкур бо ибтикори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар мусоидат бо Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Зимни баромадаш мудири кафедраи таърихи муосири факултаи таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Темур Муҳиддинов гуфт, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар асоси таълимоти суннатӣ ва худшиносии мардуми Эрон ба вуқӯъ пайваста, дар эъмори ҷомеаи демократӣ заминаи мусоид фароҳам овард.                   Дар конфронс, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи Миллӣ иштирок доштанд, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, Раиси Ройзании фарҳангии ин кишвар дар Душанбе Қаҳрамон Сулаймонӣ, декани факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Умар Сафар, устодони факултаи таърихи донишгоҳи мазкур Қаҳҳори Расулиён, Гавҳар Иброҳимова ва дигарон дар мавзӯҳои аз «Инқилоби машрута то Инқилоби исломӣ», «Сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани Инқилоби исломӣ ва пирӯзии он», «Зан ва Инқилоби исломӣ аз нигоҳи Хумейнӣ» ва «Дастовардҳои Эрон дар зарфи се даҳсолаи охир» маърӯза карда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин рӯйдоди таърихӣ табодули назар намуданд.

Февраль 12, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд