КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Февраль 9, 2009 16:13

                       Хуҷанд, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30- солагии Инқилоби исломии Эрон конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва зиёиён иштирок намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар бораи аҳамияти Инқилоби исломӣ дар Эрон ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон сухан ронданд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Эрон қабл аз конфронс дар маросими ифтитоҳи Маркази иттилооти иқтисодии Эрон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзид. Сафир дар ин ҷо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ сӯҳбат орост. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи мулоқоти сафир бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва нақшаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон рафт.                        Алиасғари Шеърдӯст изҳор намуд, ки оянда дар вилояти Суғд кушодани намояндагии Сафорати Эрон ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар байни шаҳри Хуҷанд ва яке аз шаҳрҳои калонтарини Эрон роҳи ҳавоӣ кушода хоҳад шуд. Барои ин ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Баъди мустақил гардидани Тоҷикистон байни мамлакатҳои мо бештар аз 170 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шудааст, гуфт сафир.

Февраль 9, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад