КОНСЕРТ БАХШИДА БА ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН
Душанбе, 19 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳунарпешагони Муассисаи давлатии консертии «Базморо» — и вазорати фарҳанги Тоҷикистон моҳи май дар шаҳри Осака дар консерти бахшида ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон ширкат меварзанд. Директори генералии муассиса Олим Акрамов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барномаи консерт асарҳои классикии оҳангсозони тоҷик, асарҳои оҳангсозони мамлакатҳои хориҷӣ ва асарҳои мусиқии барои скрипка, фортепиано ва дастаҳои симфонӣ таълифшударо дар бар мегирад. Ҳунарпешагони муассиса то сафар ба Ҷопон дар рӯзҳои иди баҳорӣ таҳти роҳбарии сардирижёр Далер Тиллоев дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он якчанд консерт намоиш медиҳанд. Дар ин консертҳо ҳунарпешагони дастаҳои мардумии Бухоро низ ширкат хоҳанд варзид. Баъдан ҳунарпешагони муассиса ба баъзе шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон сафари эҷодӣ хоҳанд кард. Ғайр аз ин сафари гурӯҳи раққосони муассиса ба Туркманистон пешбинӣ карда мешавад. Ҳунарпешагони муассиса моҳи январ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ҳунарнамоӣ карданд, гуфт дар хотима Олим Акрамов.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






