КОНСЕРТИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ МИЛИТСИЯ

Февраль 6, 2009 11:52

                    Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз, 6 феврал милитсияи тоҷик иди касбиашро ҷашн мегирад. Бахшида ба ин рӯз шоми 5 феврал дар «Кохи Ҷомӣ» консерти идона бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргузор гардид.                    Дар он дастаи ҳунарии ВКД «Сипар», устодони санъат, аз қабили Ҷӯрабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Маликаи Саидзод ва амсоли инҳо баҳри болидахотирии низомиёни кишвар сурудҳои ҷолиб пешниҳод карданд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ милитсияи тоҷик 84-сола мешавад.                   Гуфтанист, ки имрӯз, ҷиҳати арҷгузорӣ ба хотири абармардони миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи «Шаҳидон»-и кормандони ВКД, ки ҳангоми иҷрои вазифа фавтидаанд, маросими гулгузорӣ баргузор гардид.

Февраль 6, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад