КОНСЕРТИ ШАБНАМ ВА ҶОНИБЕК

Февраль 6, 2009 14:59

              Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми имрӯз, 6 феврал дар толори Донишкадаи «Квинс»-и шаҳри Ню-Йорки ИМА консерти ду овозхони эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов баргузор мегардад.               Ёдовар мешавем, ки сафари ҳунарии ин ду овозхон ба Амрико 31 январ бо баргузории як консерт дар шаҳри Венаи аёлати Вирҷиния оғоз ёфт. Пас аз ин консерт Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов дар Лос-Анҷелес ва Сан-Хосе ду консерти дигар доир хоҳанд кард.               Бояд гуфт, ки сафари ҳунарии Шабнаму Ҷонибек ба Амрикоро ширкати «Трайвижн студио» ташкил кардааст.

Февраль 6, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид