КОРГОҲИ НАВ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Февраль 10, 2009 15:39

                  Душанбе, 10 февраль. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Чанд рӯз қабл дар маркази ноҳияи Роштқалъа сехи нави дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Масъалаи ташкил кардани чунин сех ҳангоми вохӯрии Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Рахмон бо сокинони ноҳияи Роштқалъа ба миён омад. Маскунони ноҳияи мазкур аз сарвари давлат хоҳиш намуданд, ки барои дар маркази ноҳия ба кор даровардани як сехи дӯзандаги кӯмаки худро расонанд. Чунки дараҷаи бекорӣ дар байни мардуми ноҳия, бахусус дар байни занон хеле баланд мебошад. Сардори давлат ин дархости сокинони ноҳияро ба эътибор гирифта, тамоми корҳои вобаста ба сохтмони бино ва муҷаҳҳаз гардонидани онро ба зиммаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошт.                  Барои амалӣ гардонидани ин нақша аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои собиқ шуъбаи маориф ҷудо карда шуд. Барои таъмири капиталии бино моҳи сентябри соли 2008 Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хайргоҳ» шартнома баста, охири соли гузашта таъмиру азнавсозии бино пурра анҷом ёфт. Дар моҳи январи соли равон сех ҳамчун филиали корхони дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» ба фаъолият шурӯъ намуд. Рафти иҷрои корҳои таъмиру азнавсозии бино ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин намудани сех ба таври ҳамешагӣ аз тарафи роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ назорат карда мешавад.                Дар ин муддати кӯтоҳ вазорат ҳамаи корҳои заруриро оид ба ташкили сех иҷро намуда, барои ҳарчи тезтар ба кор андохтани он чораҳои заруриро рӯи кор овард. Баъди фаъол шудани сех Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои сари вақт бо кормандон аз ҳисоби занони боҳунари ноҳия таъмин намудани он чораҳои мушаххас андешид.               Мақсад аз ташкили ин сех то дараҷае паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар норҳияи Роштқалъа аст,- гуфт ҳангоми сӯҳбат сардори сех Султонқобил Нодилебов — чунки бекорӣ дар ноҳия, бахусус дар байни ҷинси латиф фоизи хеле баландро ташкил медиҳад ва маҳз аз ҳамин сабаб Президенти ҷумҳурӣ супориш дод, ки чунин коргоҳи нав дар маркази ноҳия арзи ҳастӣ намояд.                Бинои сехи нав хеле тозаю озода ва барҳаво буда, аз утоқҳои корӣ ва утоқҳои иловагӣ барои нигоҳдории маводҳои зарурӣ, аз қабили матоъҳои гуногун, ресмону қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои дарздӯзӣ иборат аст.Ҳоло дар сех 17 адад мошинҳои дӯзандагии замонавӣ ва 3 мошини дӯзандагӣ барои иҷрои амалиётҳои махсус мавҷуд буда, роҳбарияти сех дар нақша дорад, ки корро дар ду баст ташкил намояд ва бо ҳамин боз 17 нафар занонро ба таври иловагӣ бо ҷойи кор таъмин намояд ва сафи кормандонро ба 34 нафар расонад.               Қисме аз кормандони сех хатмкардаи омӯзишгоҳҳои махсус буда, салиқа ва қобилияти хуби корӣ доранд ва дар баробари ифои вазифаашон дар ёд додани нозукиҳои қасби дӯзандаги ба духтарони ҷавони маҳаллӣ саҳмгузоранд.                 Чанд рӯз қабл бо кӯмаки вазорати мазкур барои сех қариб 3 ҳазор метр матоъҳои гуногун дастрас шуд ва дӯзандагон асосан ба дӯхтани либосҳои махсуси корӣ (спецодежда), либоси занонаю бачагона, рахти хоб, умуман ҳамаи он чизеро, ки аз матоъҳои пахта тайер мекунанд, машғуланд.                 Фаъолияти корхонаи нав рӯз аз рӯз равнақу ривоҷ меёбанд ва дар сурати пайдо шудани харидорони доимӣ роҳбарият васеъкунии сехро ба нақша гирифтааст.

Февраль 10, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад