КОРГОҲИ НАВИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Рашт, 12 феврал.(АМИТ «Ховар»,Раъно Нусратуллоева).- Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи грантҳои президентӣ барои занҳои соҳибкор коргоҳи нави «Ганҷина» дар деҳаи Навободи ноҳияи Рашт кушода шуд. Ба он соҳибкор Дилафрӯз Хушмаҳмадова роҳбарӣ мекунад. Айни ҳол дар ин ҷо 25 нафар зани хонашин ба кор ҷалб карда шудааст. Дар маросими кушодашавии коргоҳ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дилафрӯз Хушмаҳмадова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт,ки мо кӯшиш ҳоҳем кард, коргоҳро васеъ намуда, миқдори мошинҳои дарздӯзиро зиёд карда, шумораи коргаронро бештар созем.Оянда барои ҳунаромӯзии духтарони маҳаллӣ мутахассисонро ҷалб менамоем. Маҳсулоти коргоҳ дар муассисаҳои савдои минтақа ба фурӯш бароварда мешавад. Ин имкон медиҳад,ки шароити зиндагии занон то андозае беҳтар гардад, гуфт Д.Хушмаҳмадова.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






