КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАД

Февраль 27, 2009 16:06

                   Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). — Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ашхоси масъули пешгирии содиршавии ҷиноят аз ваколати хидматӣ истифода намуда, худ даст ба ғоратгариву ҷиноятҳои вазнин мезананд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, моҳи феврали соли равон шахсони номаълуми ниқобпӯш бо таҳдид аз яроқҳои оташфишон ба казинои «Помир»-и Ҷамъияти шакли кушодаи «Камбис» даромада, ба маблағи калони пулии 30 ҳазор сомонӣ ва 20 ҳазор доллари амрикоиро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.                   Дар вобастагӣ ба ин ҷинояти вазнин аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба таври оҷилӣ гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда чораҳои ҷустучуӣ андешида шуданд. Дар натиҷа бо бурдани чорабиниҳои фаврӣ- криминалистӣ дар муддати кӯтоҳ ин гуруҳи муташаккили ҷинояткори мусаллаҳ ошкору безарар гардонида шуданд.                   Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ин даста бо сарварии корманди Сарраёсати хадамоти ҳифзи сарҳадоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Низомов Таваккалхӯҷа Мирзохӯҷаевич ташкил шуда, ба ин гурӯҳ боз ду нафар кормандони отряди милитсияи таъиноти махсус капитани милитсия Раҳимов Тоҳир Вайсиддинович, лейтенанти милитсия Ҳамидов Равшан Набиевич ва боз ду нафар шаҳрвандон Исломов Хуршед Анварович, соли таваллудаш 1975 сокини шаҳри Душанбе, кучаи Киров ва Фаттоев Абдухалил Акрамович, соли таваллудаш 1976 сокини шаҳри Душанбе, шомил будаанд. Айни замон тафтишоти парвандаи ҷиноии ин гурӯҳ, идома дорад ва ҳолатҳои даст доштани онҳо ба дигар ҷиноятҳо мавриди пурсиш қapop дорад. Инчунин се нафар аъзоёни ин гурӯҳ дасттир ва дар маҳкамаи муваққатӣ қapop доранд. Сарвари ин гурӯҳ Низомов Таваккалхӯҷа ва Фатоев Абдухалил дар кофтукови ҷиноӣ буда дар ин самт корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Февраль 27, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад