КУШТОРИ НОБОЛИҒ АЗ БЕЭҲТИЁТӢ

Февраль 12, 2009 15:11

                 Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре аз Прокуратураи генералии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, моҳи августи соли 2008 шаҳрванд, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қулдимони ноҳияи Панҷ, Н. Ҷамиев бо милтиқи шикорӣ ва тури моҳигирӣ ба наздикии қисми низомии № 2610 дар мавзеи Файзободқалъаи ноҳияи мазкур омада якҷо бо афсарони ин қисми ҳарбӣ барои шикори ҳайвонҳои ваҳшӣ меравад ва аз беэҳтиётӣ дар торикии шаб ноболиғ Б. Алимардонов, соли таваллудаш 1992 — ро, парронда ба ҳалокат мерасонад.  Оиди ин ҳодиса аз тарафи прокурори ноҳия нисбати Н. Ҷамиев парвандаи ҷиноятӣ кушода, аз тарафи муфаттиши ин прокуратура С. Ҳусейнов тафтишоти пешакӣ бурда шудааст. Моҳи декабри соли 2008 баъди ба охир расонидани тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гашт. Айни замон дар баррасӣ қарор дошта, аз натиҷааш ба таври илова хабар дода хоҳад шуд.  

Февраль 12, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!