М. ҲУСЕЙНХОҶАЕВ — ПЕШСАФИ «AEROFLOT OPEN-2009»

Февраль 19, 2009 15:56

                 Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқоти байналмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар гурӯҳи «В» пешсаф шуд.М. Ҳусейнхоҷаев баъди се давр бо 3 имтиёз байни 80 нафар ба ҷои аввал баромад. Вай дар даври чаҳорум бо Ли Ҳанбин аз Чин, ки се имтиёз дорад, бозӣ хоҳад кард.                  Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов, ки дар гурӯҳи асосии А1 ҳунарнамоӣ мекунад, бозии даври дуввумро низ бо намояндаи Булғористон, гроссмейстер Андрей Зигалко мусовӣ анҷом дод. Амонатов бо 1 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст. Ҳарифи ӯ дар даври саввум Антон Шомаеви рус мебошад.                Шоҳмотбози дигари тоҷик, устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраев дар сабқати А2 пас аз бохт дар даври аввал, дар дидори дуввуми худ бар шатранҷбози рус, устоди байнулмилалӣ Николай Показантсев пирӯз шуд. Соҳиб Ҷӯраев бо 1 имтиёз дар ҷои 55-ум қарор гирифтааст. Вай дар даври севум бо Сергей Искусних, аз Русия, бозӣ хоҳад кард.  

Февраль 19, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад