МӮҲЛАТИ ПАРДОХТИ ҚАРЗҲОИ ПАХТАКОРОН БА ТАЪХИР ГУЗОШТА МЕШАВАД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Вазорати молияи ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти қарзҳо аз рӯи андозҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ, ҳизматрасонии қувваи барқ ва об» таҳия ва барои мувофиқа ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шудааст. Тибқи лоиҳаи мазкур, мӯҳлати пардохти карзҳои то 1-уми январи соли 2009 бавуҷудомадаи хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ то 1-уми январи соли 2029, яъне ба муддати 20 сол ба таъхир гузошта мешава д. Боиси ёдоварист, ки қарзи хоҷагиҳо дар назди сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар соли 2008 ба 488,5 млн. доллари амрикои баробар аст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






