М.АСРОРӢ ДАР МАШВАРАТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ШИРКАТ МЕ

Февраль 24, 2009 09:47

                 Душанбе, 24 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ моҳи апрел дар машварати шашуми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок хоҳад кард. Бояд гуфт, ки мулоқоти мазкур ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои узви созмон баргузор мегардад. Машварат соли равон дар шаҳри Қазон гузаронида мешавад.                 Дар он мавзӯи «Анъанаҳои фарҳангии миллӣ ва ҷавонон» мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд. Ғайр аз ин ҷараёни иҷрои нақшаҳои ҳамкорӣ дар байни мамлакатҳои аъзои созмон муҳокима карда мешавад. Рӯзҳои баргузории мулоқот дар шаҳри Қазон намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик ташкил карда хоҳад шуд.  

Февраль 24, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст