М. ИЛОЛОВ ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИЛМӢ ШИРКАТ ВАРЗИД

Февраль 24, 2009 09:49

                    Душанбе, 24 феврал. АМИТ «Ховар», Олег Соболев). — Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов чанд рӯз пеш аз шаҳри Триестаи Италия баргашт. Вай дар ин ҷо дар маҷлиси Шӯрои байналхалқии ҳамкории академияҳои илмӣ ширкат варзид. Шӯрои мазкур айни ҳол 125 академияи илмҳо ва марказҳои дигари илмии 75 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Дар маҷлис масъалаи интихоби аъзоёни нави Шӯрои байналхалқӣ, инчунин нақши муассисаҳои илмӣ дар такмили фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуд.                    Академик М.Илолов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи таассуроти сафараш нақл карда, зикр намуд, ки академияҳои илмӣ муассисаҳои анъанавии илмӣ буда, дар саросари ҷаҳон манбаи дастовардҳои олии илмӣ шуморида мешаванд. Онҳо мавзӯъҳои навтарини илмиро таҳқиқ намуда, барои истифодаи онҳо дар истеҳсолот тавсияҳо пешниҳод мекунанд. Айни ҳол ба ин нақши академияҳои илмӣ аз нуқтаи назари замони ҳозира баҳо додан лозим аст. Мо бояд аъзои нави академияҳои илмиро интихоб намуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба илм ҷалб карда, ҷавонони боистеъдоди ба фаъолияти илмӣ сафарбар кунем.                    Дар маҷлис масъалаҳои ҷустуҷӯ кардан ва ёфтани роҳу воситаҳои самарабахши амалӣ сохтани дастовардҳои илмӣ ва беҳтар сохтани ҳамкорӣва муносибати муассисаҳои илмиро бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар шароити мураккаби имрӯза ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нақши академияҳои илмӣ дар идораи иқтисодиёт, молия ва мавриди истифода қарор додани технологияҳои нисбатан мукаммал барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда аҳамияти бузург дорад, гуфт М.Илолов.                                                                                                                                         Тарҷумон — Қудратов А 

Февраль 24, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд