М.УБАЙДУЛЛОЕВ БО СОҲИБКОРОН МУЛОҚОТ МЕНАМОЯД

Февраль 23, 2009 15:30

                 Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 марти соли равон дар «Маркази равобити пойтахт» мулоқоти озоду ихтисосии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо доираи васеи соҳибкорони пойтахт баргузор мегардад.                Ин чорабинӣ дар доираи таҳкими фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ҷиҳати рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии пойтахт моҳи майи соли 2003 таъсис дода шуда буд, гузаронида мешавад.Ҳадафи мулоқот густариши ҳамкорӣ бо дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар заминаи он коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар пойтахт мебошад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матуботи Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов.                 Соҳибкорон, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори пойтахт новобаста аз шаклу тобеъияти идоравӣ ва васоити ахбори омма имкон доранд ҷиҳати дар марҳилаи рушди кунунии пойтахт боз ҳам дар сатҳи густурда ба роҳ мондани робитаҳои қавию манфиатбахши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сектори сеюм андешаву пешниҳодоти худро роҷеъ ба проблемаҳои ҷойдошта ва монеъшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар ҷараёни мулоқот муҳокима мешаванд, ба унвонии Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе (227-96-39), Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополӣ дар шаҳри Душанбе (221-27-41) ва Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе (235-52-41) ё почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ирсол доранд.

Февраль 23, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид