МАҲДУДКУНИИ РЕҶАИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ ЗИЁД КАРДА ШУД
Душанбе Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи тағйирот дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик», муроҷиати иловагии он аз 6 феврал ва Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол омадани вазъ дар системаи энергетикии кишвар ҳамарӯза ба истиснои иншооти ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққтан қатъ карда мешавад. Зимнан, Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хоҳиш менамояд, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро риоя намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






