«МАНАС» БА РОССИЯ ГАРОН АФТОД

Февраль 24, 2009 14:54

               Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муваффақияти сиёсати хориҷии Россияро дар ибтидои соли 2009 аз изҳороти президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар хусуси қатъ кардани шартнома оид ба истифодаи пойгоҳи низомии «Манас» бо Амрико баҳо бояд дод. Аммо чунон ки маълум шуд, ин «дастовард» дар сиёсати хориҷӣ барои Россия то дараҷае гарон афтод. Барои чунин амали «ҷасурона»-и Бишкек Федератсияи Россия розӣ шуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Қамбарота»-и Ҷумҳурии Қирғизистон 1,7 миллиард доллари амрикоӣ сармоя пешниҳод намояд. Россия ҳамчунин то 30-юми апрел ӯҳдадор шудааст, ки барои 20 сол дар ҳаҷми 300 миллион доллар ба Ҷумҳурии Қирғизистон қарзи бефоиз ҷудо намояд. Ҷумҳурии Қирғизистон пардохти қарзи пешбинишударо дар давоми солҳои 2016- 2049 амалӣ менамояд.                Дигар шудани самти сиёсати давлати абарқудрате чун Россия, ки дар вохӯрии Дмитрий Медведов дар Тошкент бо ҳамтои худ Ислом Каримов оид ба ихтилофи Тошкент бо ду давлати ҳамсояи болообаш дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ тарафдорӣ ёфт, то ҷое боварии дигареро дар бораи ваъдаи 1,7 миллиард доллари амрикоӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Қамбарота» зери суол қарор медиҳад.  

Февраль 24, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид