«МАРКАЗҲОИ ФИРЕБИ АСЪОР Ё «ОБМАН ВАЛЮТА»

Февраль 7, 2009 12:31

                Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи феврали соли 2009 моҳи беқурбшавии асъори миллӣ шуд, чаро?                Ин саволи рӯз аст, ки яке аз дигаре мепурсад.Ҷавобҳои масъулин ҳам мухталифанд. Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ сабаби беқурбшавии сомониро дар коҳиши воридоти арзи хориҷӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ медонанд.                Масъулини Бонки миллӣ болоравии арзиши долларро ба буҳрони ҷаҳонии молиявӣ марбут мехонанд.                Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бошад беқурбшавии асъори миллиро дар қимат шудани маводи сӯхт дар кишвар арзёбӣ мекунанд.                Тадқиқоти дар 50 нуқтаҳои «Мубодилаи асъор- Обмен валюта» (боддиҳии асъор — обман валюта хонда шавд, муаллиф) гузаронидашуда нишон дод, ки ҳамин нуқтаҳо сабаби беқурбшавии асъори миллианд. Ҳамин нуқтаҳо ҳастанд, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳо ва ё воридоти маводи зарурӣ аз хориҷи кишвар қимати асъори хориҷиро нисбат бо пули миллӣ беасос боло мебаранд ва идораҳои марбута инро нодида мегиранд.                Дигар ин бенизомии бонкист, ки маблағи аз бонк ба гардиш баровардаро аз бозор бо асъори хориҷӣ харида, бо пули миллӣ ба муомилот мегузорад. Ин ба ҷойи он аст, ки асъори миллӣ тавассути тамоми нуқтаҳои савдо ба бонк баргардонида шуда, дар кори андозбандӣ аз фурӯш ҳам мусоидат карда тавонад.                 Саволи дигари беҷавоб боқӣ монда он аст, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор ба манфиати кист, вақте ки онҳо дар нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ манфиатдор нестанд! 

Февраль 7, 2009 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад