МАРКАЗИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ «РУЗҲОИ ДАРҲОИ КУШОДА» ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳи шанбеи дуюм дар дармонгоҳи Марказ «Рӯзҳои дарҳои кушода» барои ниёзмандонро эълон менамояд. Муоина ва машварат аз тарафи мутахассисони Марказ ройгон буда, мақсад дарёфти бармаҳали омосҳои хушсифат ва бадсифат ва табобати онҳо мебошад. Аз рӯйи нишондоди омор дар тамоми ҷаҳон ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60% аҳолӣ ба беморхонаҳо бо бемории саратони дараҷаи паҳншуда (III-IV) муроҷиат мекунанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2008 дар Марказ ду лабораторияи нав — лабораторияи иммунологӣ барои муайянкардани маркерҳои омос (АФП, ХГЧ, Са125, ПСА ва ғайраҳо) ва лабораторияи иммуногистохимиёвӣ бо дастгири ва ҳамкори бо фирмаи фармацевтии «Лярош» Швецария, ба кор шурӯъ намуд. Барои ташхиси имуногистохимиёвӣ микроскопи фирмаи Карл Цейс ва реактивҳо дастрас карда шуданд. Ин намуд таҷҳизот шароити дар сатҳи баланд гузаронидани ташхиси гистологии омоси бадсифатро муҳайё мекунад. Соли ҷорӣ дар Марказ якчанд намудҳои нави муолиҷа дар амалия ворид карда шуданд, ба монанди табобати қимиёвии бемории саратон бо дорувориҳои ҳозиразамон Гемзар, Кселода, Мабтера, Авастин, методикаи нави пешгирии аворизҳои баъди табобати қимиёвӣ ба монанди қайкунӣ ва дилбеҳузурӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






