МАСЪАЛАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ АЪЗОИ ШӮРО
Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷалааи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, аъзои Шӯро Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима намуданд. Зикр шуд, ки масъалаҳои мазкур ба рушди иқтисодиёти миллии кишвар ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд. Дар анҷом масъалаҳои зикргардида, ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 25 феврал дар Душанбе баргузор мешавад, пешниҳод карда шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






