МАШВАРАТ ДАР БОРАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ВАУ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 28 феврал дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати роҳбарони нашрияҳои даврии пойтахт баргузор мегардад. Он бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар мавзӯи «Масъулияти ВАУ дар амри Фармони Президенти ҶТ дар бораи вокуниш ҳамчун омили рушди матбуоти кишвар» доир хоҳад шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар назар аст, ки машваратро вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Воситаҳои ахбори умум ва масъулияти таърихии он» иттитоҳ мебахшад. Ҳамчунин, дар маҷлис намояндагони воситаҳои ахбори омма, вазорати фарҳанг ва устодони факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои пойтахт маърӯза хоҳанд кард. Иштирокчиён мақоми ВАУ- ро дар амри иҷрои Фармони дар боло қайдшуда мавриди муҳокима қарор дода, дар бораи баланд бардоштани обрӯи васоти ахбори омма мубодилаи афкор менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






