МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, 12-уми феврал вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар соли 2009 дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов машварати корӣ баргузор гардид.Дар машварат нахуст роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои ин дастуру супоришҳои Президенти кишвар маълумот доданд. Мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда, айни замон дар мамлакат бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохтмони 20 НБО-и хурд идома дошта, таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии 3 нерӯгоҳи хурди дигар шурӯъ мегардад. Таъқид кардан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат 150 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Танҳо дар давоми соли 2008 аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хурд 39,7 миллион киловатт соат барқ истеҳсол шуд, ки аз рӯи ҳисоботи коршиносон миқдори заруриро ташкил наменамояд. Дар машварат Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вазифа гузошт, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди бунёди НБО-и хурд аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода бурда шуда, нисбат ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад. Мавриди ёдоварист, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа супориш дода буд, ки дар соли 2009 на камтар аз 50 НБО-и хурд дар мамлакат сохта ба истифода дода шавад.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






