МАВСИМИ НАВБАТИИ ТЕАТР КУШОДА МЕШАВАД

Февраль 9, 2009 14:18

                 Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тибқи нақша, тармими куллии бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бояд дераш то 18 март анҷом дода шавад, Бояд гуфт, ки тармими бинои театр 4 сол боз давом дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, 21 март дар бинои театри мазкур мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо зиёиёни ҷумҳурӣ баргузор мегардад.                 Маъмурияти театр низ ба мулоқоти Президент ва кушодани мавсими нав ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад. Директори театр Холмаҳмад Маҷидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 1 март дар театр машқи асари саҳнавии операвии «Рӯдакӣ» оғоз хоҳад ёфт. То 1 март саҳнаи театр бояд пурра тармим карда шавад, гуфт вай. Ба қавли директори театр ҳайати оркестр, гурӯҳҳои хорсароён ва овозхонони якка муқаррар карда шудаанд ва баробари анҷоми тармими театр ба кор шурӯъ менамоянд.                 Қайд карда шуд, ки театр бо мебел ва таҷҳизоти техникии аз Аморатҳои Муттаҳидаи Араб овардашуда муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар оғози мавсими нав сайти интернетии театр кушода мешавад, ки дар бораи таърихи гузашта, имрӯза ва нақшаҳои ояндаи он нақл мекунад, гуфт Х.Маҷидов. Тарҷумон — Қудратов А.

Февраль 9, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид