МОҲВОРАИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР КАЙҲОН

Февраль 4, 2009 15:11

           Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин моҳвораи худро бо номи «Умед» ба мадори замин партоб кардааст.           Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки ҳадафи ҳузури кишвараш дар фазои кайҳон «тавсеаи яктопарастӣ, сулҳ ва адолат» аст. Ба гуфтаи ҷониби Эрон моҳвораи мазур танҳо барои ҳадафҳои телекомуникатсионӣ истифода мешавад ва бо фаъолиятҳои низомӣ иртиботе надорад.            Гуфтанист, ки ин бори аввал нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кайҳон моҳвора партоб мекунад, вале ин нахустин бор аст, ки ин корро худаш анҷом медиҳад. Аз ҷумла, соли 2005 бо кӯмаки Россия Эрон аз Маркази парвозҳои кайҳонии Россия дар Плесетск моҳворае партоб карда буд.

Февраль 4, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад