МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Февраль 2, 2009 09:56

                      Душанбе, 2 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагони ваколатдори мамлакатҳои ИДМ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск аз 3 то 5 феврали соли равон масъалаҳои марбут ба вусъат бахшидани ҳамкории мамлакатҳояшонро дар соҳаи маориф баррасӣ менамоянд. Онҳо қабл аз ин лоиҳаи созишномаро дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олии касбӣ ва қарорро дар бораи нақшаи тадбирҳои рушди минбаъдаи фазои умумии маърифатӣ ва ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи маориф то соли 2010 — ро муҳокима карда буданд. Коршиносон пешниҳод карда буданд, ки ин ҳуҷҷатҳо ба муҳокимаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда шаванд.                     Вале намояндагони баъзе давлатҳо пешниҳод карданд, ки ҳуҷҷатҳои зикршуда таҳлилу такмил карда шаванд. Лоиҳаи созишнома муайян намудани асосҳои эътирофи мутақобалаи ҳуҷҷатҳои давлатиро дар бораи маълумоти олии касбӣ ва ҳуҷҷатҳоро дар бораи таҳсил аз рӯи барномаҳои маълумоти олии касбӣ пешбинӣ мекунад. Лоиҳаи қарор тасдиқи нақшаи тадбирҳои рушди минбаъдаи фазои умумии маърифатӣ ва ҳамкории давлатҳои ИДМ — ро дар соҳаи маориф то соли 2010 дар бар мегирад.

Февраль 2, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд