МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Февраль 26, 2009 16:57

                  Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Алмаато маҷлиси нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Маркази иттилоотию ҳамоҳангсозии тадбирҳои тақвияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он директори Агентии назорати маводи нашъадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ширкат варзид. Дар маҷлиси Шӯро самтҳои асосии фаъолияти марказ дар давоми ду соли оянда муаяйн намуда, сохтор ва теъдоди кормандони он тасдиқ карда шуданд.                   Шӯро мақоми намояндагии Фаронса, Финляндия, Италия, ИМА ва Интерполро дар марказ маъқул донист. Маркази мазкур айни ҳол Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад.                   Вазифаи асосии марказ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо дар мубориза ба муқобили ҷиноятҳои байналхалқию минтақавӣ мебошад.Тарҷумон — Қудратов А   

Февраль 26, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!