МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

Февраль 20, 2009 14:37

                 Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Дар шаҳри Душанбе машварати роҳбарону мутахассисони Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот», Агентии «Тоҷикстандарт» ва ҷамъиятҳои матлуботу бозорҳои навоҳии тобеи марказ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳимтарини марбут ба бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти бозорҳо, пешгирии ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва ғайра муҳокима шуданд. Қарор қабул карда шуд, ки дар ҳамаи бозорҳои калонтарини мамлакат барои санҷиши маводи хӯрока озмоишгоҳҳои махсус ташкил намуда, онҳо бо асбобҳои андозагир таъмин карда шаванд.                  Қайд карда шуд, ки бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта дар агентии «Тоҷикстандарт» ва муассисаҳои тобеи он 20 озмоишгоҳ ба истифода дода шуд. Агентии «Тоҷикстандарт» барои ҳифзи бозори мамлакат аз маҳсулоти пастсифат соли 2009 — ро соли танзими фаъолияти бозори истеъмолӣ эълон кардааст.  

Февраль 20, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид