МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ҲАМЛУ НАҚЛИ ҚУВВА ВА МОЛҲОИ ҒАЙРИНИЗОМИ

Февраль 12, 2009 11:24

                 Маскав, 12 феврал. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 11 феврал дар котиботи СААД масъалаи ҳамлу нақли қувваҳо ва молҳои ғайринизомии НАТО — ро ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ ба Афғонистон мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд карда шуд, ки давлатҳои аъзои созмон тайёранд, дар бобати ҳамлу нақли молҳои ғайринизомӣ барои таъминоти Қувваҳои эътилофии мусоидат ба амнияти Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Шӯрои амнияти СММ мамлакатҳои аъзои созмонро даъват карда буд, ки дар ин масъала бо НАТО ва ИМА ҳамкорӣ кунанд.                 Зимни машварат масъалаҳои муқаррар намудани номгӯӣ молҳои интиқолдодашаванда, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои гумрук ва нақлиёти роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Машварат таҳти раёсати муншии умумии СААД Николай Бордюжа гузашт.

Февраль 12, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа