МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ КООПЕРАТИВҲОИ СОҲИБОНИ ХОНАҲО

Февраль 14, 2009 11:01

                     Душанбе, 14 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Душанбе бо иштироки роҳбарони шӯъбаҳои манзилу кооммуналӣ ва муассисаҳои истифодаи манзил семинар давом дорад. Дар он коргарону мутахассисони соҳаи истифодаи манзили шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб иштирок доранд. Семинар бо ташаббуси намояндагии пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» гузаронида мешавад. Ҳадафи он беҳтар сохтани низоми нигоҳубини манзил дар шаҳрҳои Тоҷикистон мебошад.                     Иштирокчиёни семинар дар ин бобат таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд. Дар семинар масъалаи ташкил намудани кооперативҳои соҳибони хонаҳои хусусӣ баррасӣ карда мешавад. Айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 8 ҳазор бинои баландошёна мавҷуд аст, ки бештар аз 40 фоизи онҳо дар Душанбе сохта шудаанд.

Февраль 14, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид