МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ

Февраль 27, 2009 13:35

               Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Маркази экологии ҷавонон ва Маҳфили созмонҳои ҷамъиятии экологӣ дар мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои тағйир ёфтани иқлим ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли онҳо» конфронси миллӣ баргузор мегардад.               Директори Маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки хадафи асосии конфронс додани маълумот ба аҳли ҷомеа дар масъалаҳои пешгирии оқибатҳои ногувори тағйир ёфтани иқлим дар шароити имрӯза ва ба ин тадбирҳо ҷалб намудани ҷомеа мебошад. Дар конфронс бештар аз 40 нафар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тоҷирону соҳибкорон ширкат меварзанд.                Дар конфронс роҳу усулҳои амалӣ сохтани тавсияҳои СММ барои ҳалли ин проблема, иҷрои барномаи миллии андешидани тадбирҳо барои пешгирии оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим ва ғайра муҳокима карда мешаванд.                 Дар конфронс намояндаи созмони масъалаҳои иқлими мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ирина Савчук ва хамоҳангсози барномаи СММ дар масъалаи тағйир ёфтани иқлим Бекмурод Маҳмадалиев иштирок мекунанд. Онҳо ба иштирокчиёни конфронс дар ин масъала маслиҳату тавсияҳо хоҳанд дод.  

Февраль 27, 2009 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид