МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 27 феврал дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳалли проблемаҳои тағйир ёфтани иқлим ва ҷалби ҷомеа ба онҳо» конфронси миллӣ баргузор мегардад. Конфронс бо ташаббуси Маркази экологии ҷавонон ва Созмони ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ гузаронида мешавад. Директори Маркази экологии ҷавонони ҷумҳурӣ Юрий Скочилов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи асосии конфронс огоҳ сохтани ҷомеа аз оқибатҳои гармшавии иқлим ва қабули қарорҳо барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар замони ҳозира, ошкор сохтани ҷиҳатҳои муҳимтарини проблема ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат мебошад. Тибқи нақша, дар конфронс бештар аз 40 намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорону тоҷирон ширкат меварзанд. Дар конфронс роҳу усулҳои амалӣ сохтани барномаи СММ барои пешгирии оқибатҳои тағйироти иқлим ва протоколи Киото дар ин масъала муҳокима карда, вобаста ба шароиту имкониятҳои Тоҷикистон тавсияҳо қабул карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар гузаронидани конфронс намояндаи шабакаи иқлимшиносии мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ирина Ставчук, ҳамоҳангсози муассисаи СММ дар масъалаи тағйироти иқлим Бекмурод Маҳмадалиев ва созмони хайрияи «Акт Централ Азия» кӯмак мерасонанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






