МУАРРИФИИ НИЗОМИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ ШИРКАТИ «MONEY GRAM»

Февраль 6, 2009 11:47

                 Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар бинои марказии ҶСК «Ориёнбонк» муаррифии низоми интиқоли маблағҳои байналхалқии «Money Gram» бо иштироки намояндагони ин ширкат баргузор гардид.                  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттило доданд, ки дар рафти он, масъалаҳои шиносоии амиқ бо ширкати «Money Gram», инчунин хусусиятҳои техникӣ ва роҳҳои воридшавии иттилоот, эҳтимолияти мушкилоти имконпазир ва бартарияти ин намуди низоми интиқоли маблағҳо, инчунин эҳтимолият ва имконоти банақшагирии чорабиниҳои муштарак дар соли ҷорӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд.                  Қайд кардан зарур аст, ки байни ҶСК «Ориёнбонк» ва низоми байналхалқии интиқоли маблағҳои фаврии «MoneyGram», дар моҳи июни соли 2008 шартнома ба имзо расида буд, ки мувофиқи ҳисоботи молиявии соли сипаригашта, маблағи воридшуда аз рӯи ин низом 396 миллиону 435 ҳазору 57 доллари ИМА ва маблағи интиқолгардида 35 миллиону 707 ҳазору 25 доллари ИМА-ро ташкил намуданд.

Февраль 6, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад