МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СПИД

Февраль 12, 2009 15:21

                Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар таърихи 10-12-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузории ҷаласаи гурўҳи кории Шўрои тандурустии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) оид ба созмон додани Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ, дар назар дошта шудааст.                Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ маҷмўи ҳуҷатҳо ҷиҳати созмон додани Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ таҳия гардида, ба Шўрои тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҷойгиршавӣ, низомнома ва тартиби идоракунии Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд.                Мақсад аз иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ дар ҷаласаи гурўҳи корӣ ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби кумакҳои беруна барои мубориза бар зидди бемории СПИД дар ҷумхурӣ мебошад.  

Февраль 12, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!